нуқта

нуқта
[نقطه]
а
1. изи бисёр хурде, ки бо як бор расондани нӯги қалам ё ягон чизи нӯгтез пайдо мешавад; нуқтаи ҳарфҳои арабӣ аломати холчамонанде, ки дар боло ва зери ҳарфҳои арабӣ гузошта мешавад
2. грам. аломати ист дар китобат (.), ки дар охири ҷумла гузошта мешавад: нуқтаву вергул
3. мафҳуми асосӣ дар риёзиёт, ҳандаса ва физика, ки мафҳуми ибтидои чизе, ҷои бурида гузаштани як хат ё чанд хат ва ғайраро ифода мекунад: нуқтаи буриши ду хати рост, нуқтаи яхбандӣ, нуқтаи ҷӯшиш; нуқта гузоштан а) нуқта мондан; б) кин. ба охир расонидан, анҷом додан
4. марказ; нуқтаи доира маркази доира
5. ҷои ягон чиз, ҷой, маҳал; нуқтаи баланд қуллаи авҷ, дараҷаи баландтарини ҷое, чизе; нуқтаи марказӣ ҷои асосӣ, марказ; нуқтаи савдо мағоза, дукон ва умуман ҷои хурда фурушиҳо
6. маҷ. нукта, масъала; нуқтаи телефон дастгоҳи собити дар ҷое насбшудаи телефон
◊ нуқтаи назар фикр, мулоҳиза, тарзи биниш; аз нуқтаи назари… мувофиқи диди…, назар ба мулоҳизаи…; нуқта ба нуқта айнан, бекаму кост

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем решить контрольную работу

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»